Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вусъати ҳамкориҳо

Вусъати ҳамкориҳо

Рӯзи 6 апрели соли равон ректори донишкада Давлатзода Қудрат бо Манучеҳр Камолиддинов, ҳамоҳангсози барномаи Дастгирии идоракунии молияи давлатии Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.
Сараввал ректор дар бораи лоиҳаҳои дар донишкада амалишаванда маълумот дода, меҳмонро бо самтҳои асосии фаъолияти равобити байналмилалӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳо, ҷалби устодону донишҷӯёни донишкада ба тренингу семинарҳои ташкилнамудаи ин созмон муфассал истода гузашт.
Баъдан Камолиддинов М. дар навбати худ ҳозиринро бо самтҳои фаъолияти барномаи Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ шинос кард. Тавре мавсуф иттилоъ дод, лоиҳаи мазкур дар самти кор бо ҷомеа, омода кардани мутахассисон дар самти идоракунии молияи давлатӣ, ташкил ва гузаронидани семинару тренингҳо доир ба идоракунии самараноки молияи давлатӣ кор мебарад.
-Самти дигари фаъолият ин тайёр кардани модулҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Барои омода кардани модулҳо аз донишкада Нигина Миракилова, н.и.и., дотсенти кафедраи молия ва муомилоти пулӣ низ ҷалб шудааст,-гуфт Камолиддинов М.
Ҳамчунин мавсуф дар тренингҳо иштирок кардани муаллимони ҷавон ва бо лексияҳо баромад кардани олимони соҳаро дар лексияҳои кушоде, ки онҳо ташкил мекунанд, таклиф намуд.
Дар баробари ин Қудрат Давлатзода низ таклиф кард, ки дар доираи ҳамкориҳо метавонанд тренингҳоро дар донишкада гузаронанд, ки ин ҳам барои истифодаи заминаҳои моддию техникии мавҷуда, такмили донишҳои устодон ва ҳам барои муаррифии донишкада мусоидат хоҳад кард. 
Ҳамчунин мавсуф дар бораи «Маркази ақлҳо» (Think Tank), ки дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии EuropeAid/134384/DH/SER/TJ»  дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон», ки дар донишкада амал мекунад, маълумот дода, гуфт, ки дар ин марказ чанд нафар устодони донишкада оид ба макроиқтисод, идоракунии молияи давлатӣ ва методологияи тадқиқот омӯзонида шуда, барои машваратдиҳӣ ва коркарди идеяҳо вобаста ба муаммоҳои алоҳидаи иқтисодӣ кор мебаранд ва метавонанд дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар ояндабинии баъзе самтҳои идоракунии молияи давлатӣ иштирок кунанд, гуфт ректор.
Дар идомаи суҳбат Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ барои ташкил ва гузаронидани конфронсҳои байналмилалии муштарак таклиф пешниҳод кард, ки аз тарафи меҳмон хуш қабул карда шуд.
Ҳамин тавр, ҳар ду ҷониб барои вусъати ҳамкориҳои судманд байни ин ду ниҳод бо ҳам ба мувофиқа омаданд.


Машҳура Абдуллоева