Хабарҳо

Фаъолнокии ҷавонон роҳандозӣ мегардад
Санаи 4 апрели соли равон дар хобгоҳи №2 донишкада ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои инсониву моликияти ҷамъиятӣ, ташаккули маърифати фарҳангиву маданӣ, ҳуқуқиву сиёсивӣ, техникиву иқтисодӣ, фаъолгардонии ҷавонон дар амалинамоии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлат вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарон баргузор карда шуд.
Вохӯриро Ҷовид Боймуродов-мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба хобгоҳҳо оғоз намуда, ҳадафи баргузории онро ба иштирокчиён шарҳ дод.
Сипас Абдулло Давлатзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада ҷиҳати ташаккули маърифати фарҳангии ҷавонон ва фаъолгардонии онҳо сухан намуда, зикр кард, ки таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба ҷавонон ва афзалият додан ба онҳо тақозои давру замон аст. Зеро имрӯз ҷомеа ба мутахассисони ҷавону дорои қобилияти хуби кордониву ташкилотчигидошта бештар ниёз дорад .
Ҳамчунин дар вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба духтарони донишкада Маҳбуба Ғаффорова иштирок ва суханронӣ кард. Номбурда тазаккур дод, ки имрӯз дар кишвари мо тамоми шароитҳо баҳри фарогирии ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон ба таҳсил муҳайё мебошад ва кифоя аст, ки ҷавонон баҳри такмилу ташаккули хеш завқманд бошанду баҳри дар ҷомеа муаррифӣ намудани худ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Гуфта шуд, ки минбаъд чунин вохӯриҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, дар онҳо фаъолнокии илмии донишҷӯён, бахусус донишҷӯдухтарон роҳандозӣ хоҳад гашт.
Хисрав Муҳиддинов