Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДМИТ - майдони муколамаи шарикони рушд

ДМИТ - майдони муколамаи шарикони рушд

Санаи 6 апрели соли равон дар донишкада вохӯрии устодон ва коршиносон бо намояндагони лоиҳаи «Мусоидат ба тиҷорат», ки аз тарафи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон амалӣ гашта истодааст, баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Парвиз Акрамов, менеҷери лоиҳаи мазкур, Парвиз Рашидов, мушовири лоиҳа ва Манучеҳр Раҳмонбеков, мутахассис оид ба мониторинги лоиҳа ва 6 нафар устодони донишкада иштирок доштанд.
Вохӯриро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сафаров Б.Г., ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки муколамаи байни устодон ва созмонҳои байналмилалӣ бобати самтҳои алоҳидаи рушди иқтисодии кишвар аз манфиат холӣ набуда, он имкон медиҳад, ки роҳҳои алтернативии тараққиёт дарёфт ва баррасӣ карда шаванд. Махсусан дар шароити кунунӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таҳия ва тасдиқ намудааст, имкониятҳои истеҳсолӣ бояд васеъ карда шуда, воситаҳои гуногуни ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷустуҷӯ карда шавад. Дар ин маврид натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони донишкада ҳамчун маводи коркардашудаи илмӣ метавонад барои рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат намояд.
Дар баромади худ Парвиз Акрамов қайд намуд, ки мақсад аз вохӯрии мазкур шунидани фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои устодони ДМИТ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, рушди бахши хусусӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва масоили андозбандӣ мебошад. Лоиҳаи «Мусоидат ба тиҷорат» тасмим гирифтааст, ки пайваста бо коршиносони донишкада дар муколама бошад ва дар татбиқи ин лоиҳа ва лоиҳаҳои дигари дар нақша гирифташудаи ташкилоти мазкур устодони ин муассиса ҷалб карда шаванд. Мавсуф иброз дошт, ки иқтидори зеҳнии коршиносони ДМИТ барои таҳияи пешниҳодҳо бобати рушди иқтисодиёти кишвар зарур ва саривақтӣ мебошад.
Пас аз баррасии масъалаҳо вобаста ба ҷабҳаҳои гуногуни рушди иқтисодии кишвар ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар рӯзҳои наздик бо дастгирии лоиҳа мизи мудаввар бо ҷалби коршиносони миллӣ ва мақомотҳои марбута дар донишкада баргузор намуда, дар оянда ДМИТ ҳамчун майдони муколамаи шарикони рушди иқтисодиёти кишвар интихоб карда шавад.