Хабарҳо

Самтҳои асосии муқовимат бо терроризм
Рӯзи 7 апрели соли равон бо ташаббуси шуъбаи тарбия устодон, магистрантон ва донишҷӯёни ДМИТ бо Ҳаёт Сафаров, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия вохӯрӣ доир намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба илми донишкада Ғиёсиддин Ашуров қайд намуд, ки ҷиноятҳои муташаккил дар ҷомеаи имрӯза яке аз зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ ба шумор рафта, муборизаи оштинопазир бар зидди онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳимми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб меёбад.
Ҳаёт Сафаров дар бораи самтҳои асосии муқовимат бо терроризм ибрози андеша намуда, қайд кард, ки терроризм ин амали зӯроварии ғайриқонунии муташаккил буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардида, мақсади тарсонидан, ноумед кардани одамон ва ба худ мутаваҷҷеҳ гардонидани онҳо мебошад.
Мавсуф зимни баромади худ, ҳамчунин дар бораи таҳдидҳои муосири терроризм, ақидаҳои экстремистӣ ҳамчун сарчашмаи пайдоиши терроризм, сабабҳои инкишофёбии он, самтҳои асосии пешгирии терроризм, ақидаҳои экстремистии ҷараёни салафӣ-ваҳҳобӣ, аломатҳои терроризм, амалиёти террористӣ ва асосҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм истода гузашт.
Дар анҷоми чорабинӣ меҳмони вохӯрӣ ба суолҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дод.
Хисрав Муҳиддинов