Хабарҳо

Иқдом бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён
8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат бо ташаббус ва дастгирии раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби донишҷӯён дар шаҳри Душанбе аксия гузаронида шуд.
Дар он зиёда аз 300 нафар донишҷӯ иштирок карда, зери шиори «Мо – ҷавонон бо Пешвои миллат дар кишвари худ иқтисодиёти индустриявию аграрӣ бунёд мекунем!» дар маҳаллаҳои гирду атрофи донишкада, ноҳияи Сино ва ноҳияи Фирдавсӣ варақаҳои иттилоотӣ паҳн карданд.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузории ин иқдом даъват ба омӯзиши иқтисодиёт, бунёди иқтисодиёти индустриявию аграрӣ, иштирок дар таъмини пешрафти иқтисодиёт буда, иқтисодчиёни ояндаро ба фарогирии бештари ин илм водор мекунад.
Машҳура Абдуллоева