Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Комёбии варзишгарони тоҷик дар даврони истиқлолият

Комёбии варзишгарони тоҷик дар даврони истиқлолият

8 апрел бахшида ба эълон шудани Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ дар донишкада семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии тобистона» доир гардид. Сардори Раёсати илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр сохт, ки сол ба сол бо дастгириҳои Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳ нисбат ба варзиш ва ҷавонон меафзояд. Ҳамзамон аз саҳми варзишгарони кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки маҳз варзиш метавонад барои баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҳар як кишвар нақши бузург бозад. 
Мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ М. Сафаров дар мавзӯи «Дастовардҳои варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии тобистонаи XXXI Рио-де-Жанейро, соли 2016» маърӯза намуд. Ба гуфтаи ӯ, замони истиқлолият дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 3 ҳазор варзишгоҳ бунёд ва таъмир шудаанд, ки ин нишонаи ғамхории бевоситаи ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи мазкур мебошад. Инчунин зикр шуд, ки дастоварди Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии тобистона ва сазовори медали тилло гаштани ӯ боиси ифтихори кулли тоҷикон буда, имкон дод, ки номи Тоҷикистон дар ҷои 54-уми рейтинги варзишии ҷаҳонӣ қарор гирад. 
Сипас меҳмонони чорабинӣ Д. Буриев - мудири кафедраи варзиши Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар мавзӯи «Гӯштингирии миллии тоҷикӣ - ҷавҳари рушди гӯштинҳои олимпӣ», Т. Намозов – мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи граждании ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи «Рушди босуръати оммавӣ-варзишӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин муаллими калони кафедраи варзиш ва мудофиаи граждании ДМИТ С. Шокиров дар мавзӯи «Бозиҳои олимпӣ-поягузори сулҳу ваҳдати байналмилалӣ», Қ. Сафаров - омӯзгори ҳамин кафедра дар мавзӯи «Асосҳои тарзи ҳаёти солим», муаллими калони кафедра И. Айниддинов дар мавзӯи «Рушди риштаҳои гӯштини олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», донишҷӯи курси 1-уми донишкада Г. Абдуллоева бо маърӯзаи «Аз таърихи ташаккули бозиҳои олимпӣ» баромад намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ Қутбиддин Муқимов ба варзишгарони муваффақи донишкада, ки дар чорабиниҳои варзишӣ ғолибият ба даст овардаанд, туҳфаҳо тақдим намуд. 


Насрулло Тӯйчизода