Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташрифи намояндагони донишгоҳи Қазоқистону Олмон ба ДМИТ

Ташрифи намояндагони донишгоҳи Қазоқистону Олмон ба ДМИТ

Санаи 10-уми апрели соли ҷорӣ намояндагони Донишгоҳи Қазоқистону Олмон Барбара Януш-Павлетта - мудири кафедраи UNESCO оид ба идораи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ, Любов Шакирджанова - роҳбари асосии лоиҳаҳои кафедраи мазкур ва Шоҳида Тулиева – корманди кафедра оид ба кор бо мутахассисони ҷавон ба ДМИТ ташриф оварданд. 
Меҳмононро Сафаров Б.Г.- муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Диловаров М.- сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Нуралиев А. – декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва Муллоев П. – директори Маркази Think Tank дар ДМИТ пазироӣ намуда, ба онҳо оид ба сохтори донишкада, дастовардҳо ва ҳамкориҳои он бо дигар донишгоҳҳои шарик, алалхусус бо донишгоҳҳои Қазоқистон шинос намуд.  
Дар навбати худ намояндагони донишгоҳи мазкур низ оид ба Донишгоҳи Қазоқистону Олмон каме маълумот доданд. Инчунин фаъолияти худро оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи грантӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои иқтисодии захираҳои обӣ» ба ҳозирин маълумотҳо пешниҳод намуда, зикр сохтанд, ки устодон ва донишҷӯёни донишкада метавонанд дар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси донишгоҳи номбурда иштирок намоянд.
Сафаров Б. пешниҳоди худро оид ба ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Қазоқистону Олмон ироа намуда, лоиҳаи Шартномаро ба меҳмонон пешниҳод карда афзуд, ки донишкада тайёр аст бо донишгоҳи мазкур лоиҳаҳои бузург ва хурдро таҳия ва татбиқ намояд.
Дар охир ба меҳмонон туҳфаҳои хотирмон тақдим гардида, пешниҳод шуд, ки вохӯрии ояндаро аз имзо расонидани Шартномаи ҳамкорӣ оғоз ва барои таҳияи лоиҳаҳои муштарак сайъ намоянд.     

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ