Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастгирии муҳаққиқони ҷавон

Дастгирии муҳаққиқони ҷавон

Бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён ва Соли ҷавонон рӯзи 12 апрели соли равон маҳфили илмию амалии «Коршиноси иқтисодӣ» ва маҳфили зеҳнии «Иқтисод ва ҷомеа» дар якҷоягӣ семинар-машварати илми-назариявиро дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди иқтисодиёти минтақаҳои Тоҷикистон» барпо намуданд. Дар он Ғиёсиддин Ашуров, муовини ректор оид ба илм, Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Хуршед Давлатов, декани факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ иштирок доштанд.
Дотсенти кафедраи суғурта Саъдихоҷа Маъдиев дар мавзӯи «Водии Рашт-имкониятҳо ва мушкилоти рушд» бо презентатсия баромад намуда, оид ба имкониятҳои рушди минтақа, усулҳои таҳқиқ ва омӯзиши дарёфти роҳҳои рушд бо факту рақамҳои мушаххас ва тамсилаҳои характери эҷодидошта баррасӣ намуд. Тавре мавсуф қайд дошт, ин пешниҳод дар асоси суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар аз 23 марти соли 2017 таҳия шудааст. Ӯ ба корҳои илмию тадқиқотӣ бевосита ҷалб шудани ҷавонон ва вусъатбахшии фаъолнокии онҳоро бо ташаббусҳои созанда таъкид намуд.
Баъдан Ҷовидон Халифаев, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси суғурта дар мавзӯи «Захираи кони намаки ҶСК “Хоҷа-Муъмин” ҳамчун имконияти таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон» баромад кард. Мавзӯъ характери эҷодӣ дошта, аз тариқи усули муқоисавӣ роҳҳои таъмини рушди кони намаки ҶСК “Хоҷа-Муъмин” нишон дода шуд. 
Дар музокира Сафаров Б. ва раиси маҳфили зеҳнии “Иқтисод ва ҷомеа” Давлатов Х. баромад карда, мубрам будани муҳтавои баромадҳо ва ҷалби бевоситаи ҷавононро барои минбаъд афсун гардонидани корҳои эҷодии онҳо қайд намуданд.


Саъдихоҷа Маъдиев, котиби маҳфили илмию амалии «Коршиноси иқтисодӣ»