Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муоинаи тиббӣ дар ДМИТ

Муоинаи тиббӣ дар ДМИТ

Тибқи мактуби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.03. 2017, таҳти №710 бо мақсади беҳдошти саломатии омма, пешгирии бемориҳои сироятӣ барои аз ташхиси тиббӣ гузаронидани кормандони муассисаҳои таълимӣ, рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ устодону кормандони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ташхиси навбатии тиббӣ гузаштанд.
Устодону кормандони донишкадаро табибони Маркази муоинаи профилактикии тиббии №5-и шаҳри Душанбе аз муоинаи тиббӣ гузарониданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар ДМИТ ташхиси тиббии омӯзгорону кормандон гузаронида мешавад.


Меҳрона Ҳакимова,

Хайриниссо Тошева