Хабарҳо

Иштирок дар лексияи кушод
Рӯзи 14 апрели соли равон дар доираи барномаи Дастгирии идоракунии молияи давлатии Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар «Вефа-сентр» лексияи кушод доир гардид. Он ба мавзӯи «Дурнамои рушди иқтисодиёти минтақавӣ дар мисоли Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» бахшида шуда, Наилия Менлашева, коршиноси Хазинаи байналмилалии асъор онро гузаронид.
Дар лексия натиҷаҳои тадқиқот ва ояндабинии дурнамои рушди иқтисодиёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Кафқоз дар доираи рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре гуфта шуд, аз рӯи пешгӯиҳо, фаъолнокии иқтисодӣ дар солҳои 2017 ва 2018 вусъат меёбад, махсусан он ба мамлакатҳои дорои бозори ташаккулёфта ва ҳамчунин мамлакатҳои мутараққӣ дахл дорад.
Дар лексияи кушод чаҳор нафар устодон аз ДМИТ низ иштирок карда, доираи донишҳои худро оид ба ин масъала васеъ карданд.
Бояд гуфт, ки иштироки устодон дар ин лексияҳо натиҷаи гуфтушуниди ректори донишкада Қудрат Давлатзода бо Манучеҳр Камолиддинов, ҳамоҳангсози барномаи Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ мебошад, ки чанде пеш дар донишкада доир гардида буд.
Абдуллоева М.