Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тамоили табиати инсонӣ некист

Тамоили табиати инсонӣ некист

Рӯзи 11 апрели соли ҷорӣ ба магистрантони донишкада Таваралӣ Ғаниев, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси кушоди омӯзишӣ гузаронид.
Ин олими шинохта ба ҳозирин дар мавзӯи «Инсоният неруи созанда дар системаи менеҷменти неоиқтисодӣ» маърӯза намуда, афзуд, ки дар илми менеҷмент рушди неруи инсонӣ мазмуни зиндагонӣ ва шаклу тарзи рафтори касбии одамонро ба панҷ категорияи зинавӣ, яъне зиндагии беандеша ва ҳайвонӣ, зиндагонии қафасӣ ва пой дар занҷир, зиндагонии мувофиқ ба хоҳиш, зиндагонии пур аз неруи созанда ва зиндагии шоистасолори оинасози таърихӣ ҷудо кардан мумкин аст.
Ҳамчунин профессор дар баромади хеш аз таълимоту андешаи мактабҳои олимони бузурги ҷаҳон, аз ҷумла Арасту, Конфутсий ва дигарон ёдовар шуда, зикр сохт, ки аз назари Кoнфутсий фитрати инсон тамоил ба хубӣ ва некиҳо дошта, дили инсон дорои ганҷинаи бузурги фазилат мебошад. Тамоили табиати инсонӣ некист ва ҳеҷ касе нест, ки ин тамоил ба хубиро надошта бошад.
Профессор Таваралӣ Ғаниев дар охир қайд намуд, ки чунин ақидаро мутафаккирони тоҷик низ, ба монанди Мавлонои Рум, А.Ғаззолӣ, А.Сино, У.Хайём, Ҳофизу Саъдии Шерозӣ тарафдор буда, дар осорашон васеъ истифода кардаанд. 


Хисрав Муҳиддинов