Хабарҳо

VI-умин Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилоти Россия: Душанбе-2017»
13-уми апрели соли 2017 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур кушодашавии VI-умин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилоти Россия: Душанбе-2017» ва мизи мудаввар бахшида ба ин чорабинӣ барпо гардид. Дар он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз он ҷумла ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Давлатзода Қудрат Қамбар ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сафаров Баҳром Гулматович иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории VI-умин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилоти Россия: Душанбе-2017», ки 13-уми апрел аз соати 10:00 то 17:00 ва 14 апрел аз соати 09:00 то 17:00 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур (суроғаи хиёбони Рудакӣ 146) дар шаҳри Душанбе ва 16-уми апрел соати 10:00 то 17:00 дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (17 мкр. х.1) дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст, аз тарафи намояндагони Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ташкил карда шудааст.
Дар намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур то 40 донишгоҳҳои Россия иштирок доранд.
Мақсади намоишгоҳ-ярмаркаи шинос намудани хатмкунандагони макотиби олии Тоҷикистон бо самтҳо ва шароитҳои таҳсил дар зинаи магистратура ва аспирантура дар Федератсияи Россия мебошад. Инчунин дар қатори ҳадафҳои намоишгоҳ ин нишон додани дастовардҳо дар соҳаи маориф, ҷалби манфиатҳои ҷомеа ба барномаҳои таълимии Россия ва ташаккули фазои ягонаи таълимӣ-иттилоотӣ дар ИДМ мебошад.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ