Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Қавииродагӣ баҳри муқовимат бо нашъамандӣ

Қавииродагӣ баҳри муқовимат бо нашъамандӣ

Санаи 14 апрели соли равон дар хобгоҳи №1-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаҳои тарбия ва кор бо ҷавонони донишкада вохӯрии намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Озода Абдуллозода ва Рамазони Абдулмаҷид, нозирони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии мазкур иштирок доштанд.
Озода Абдуллозода доир ба вазъ ва мушкилоти феълии гирифторшавии қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон ба нашъамандӣ ва оқибатҳои хатарбори он сухан намуда, қайд кард, ки бетаваҷҷуҳӣ ба ин хатари аср метавонад яке аз омилҳои аслии ба бунбасти фарҳангӣ, маънавӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву низомии давлатҳо гирифтор шудан гардад. 
- Самти аз ҳама афзалиятноки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гирифторшавӣ ба ин хатари аср маълумотноккунонии ҷомеа аз таъсири хатарбори гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва нашъамандӣ миёни ҷомеа мебошад, - афзуд номбурда.
Дар идомаи вохӯрӣ Абдулло Давлатзода, мудири бахши ҷавонони донишкада зикр кард, ки имрӯз гурӯҳҳое ҳастанд, ки баҳри васеъгардонии фаъолияти муғризонаву манфиатбори худ дар бозори сиёҳ қодиранд ҷомеа, бахусус ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба нашъамандӣ ҷалб намоянд, вале яке аз роҳҳои мубрами дурӣ ҷустан аз нашъамандӣ ин қавииродагӣ, зиракӣ ва маълумотнокии ҷомеа дониста мешавад. 
Дар интиҳо филми ҳуҷҷатие аз ҳаёту рӯзгори хатарбори нашъамандон ба намоиш гузошта шуд.


Ҷовид Боймуродов