Хабарҳо

Иштироки ДМИТ дар ниммарафони Душанбе
15 марти соли ҷорӣ ҳайати бисёрнафараи устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон беш аз 300 нафар дар ниммарафони VIII байналмилалии Душанбе, ки бахшида ба Рӯзи пойтахти кишвар баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ниммарафон аз боғи Наврӯзгоҳ оғоз гардида, иштирокдорони он тариқи гузаргоҳи Чорбоғ дар қисмати шимолии пойтахт масофаи 21 км 097 метрро тай карда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба марра расиданд.
Дар ин чорабинӣ варзишгарони Россия, Украина, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Кения, Эфиопия, Швейтсария, Лаҳистон ва Покистон иштирок доштанд.
Ҳадаф аз иштирок дар чорабинии мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳисси милливу худшиносии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва рушди тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе ҳамасола 15 апрел дар арафаи Рӯзи пойтахт баргузор мегардад ва дар он варзишгарон аз кишварҳои гуногун иштирок меварзанд, ки ин яке аз василаи муҳимми муаррифии кишвари мо дар арсаи ҷаҳон ба шумор мешавад.
Давлатзода Абдулло