Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вомбаргҳо ҳамчун воситаи сармоягузорӣ

Вомбаргҳо ҳамчун воситаи сармоягузорӣ

Кафедраи фаъолияти биржавӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати илм ва инноватсия ва ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» 11 апрел бо иштироки меҳмонон, устодон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Вомбаргҳо ҳамчун воситаи нави сармоягузорӣ» семинари илмӣ-назариявӣ доир намуд.
Тавре мудири кафедра Абдукарим Муминов зикр намуд, аз ҷониби ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» санаи 14-уми апрели соли 2017 аввалин барориши коғазҳои қиматноки корпоративии ҶСК «Бонки Эсхата» ба роҳ монда мешавад. Тайи ду сол аст, ки ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» бо кафедраи фаъолияти биржавӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, донишҷӯёни ихтисоси бозори фондӣ ба таҷрибаомӯзӣ фиристода мешаванд. 
Дар семинар директори ҶСК «Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ» Алишер Шерназаров, директори ҶСП «Маҳфуздорандаи марказӣ» Умеда Раҳмонова ва директори филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Фирдавсӣ, н.и.и., дотсент Алимурод Бобоев иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Устодони донишкада М. Содиқов, Ҷ. Боймуродов ва донишҷӯён низ дар муҳакимарониҳо ва музокирот иштироки фаъолона доштанд.


Насрулло Тӯйчизода