Хабарҳо

Хушбахт - чемпион
Боиси хушнудист, ки Хушбахт Шарипов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси менеҷменти байналхалқии факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «каратэ-до» бахшида ба эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда буд, иштирок карда, сазовори ҷойи аввал шуд. Чемпион бо медали тилло ва Дипломи дараҷаи аввал сазовор гардонида шуд.
Хушбахт бо варзишгарони вилояти Суғд ва Хатлон сабқат карда, ғолиб баромад. Мураббияш Шокиров Собир, устоди кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ ва Шарипов Диловар мебошанд, ки ба ӯ нозукиҳои ин намуди варзишро омӯхтаанд.
Ӯ ҳафт сол боз тамрин мекунад ва ин пирӯзии аввалинаш дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии сатҳи олӣ нест. Чандин маротиба аст, ки бо гирифтани ҷойҳои дувум ва севум ӯ худро ҳамчун варзишгари муваффақ муаррифӣ кардааст.
Мо ба чемпиони ҷавон Хушбахт барои фатҳи қуллаҳои нави варзиш комёбиҳои навин хоҳонем.
Машҳура Абдуллоева