Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сиёсат ва иқтисодиёт бо ҳам алоқаманданд

Сиёсат ва иқтисодиёт бо ҳам алоқаманданд

Дар таърихи 12 апрели соли равон факултети ҳисобдорӣ ва омори донишкада маҳфили зеҳниро таҳти унвони «Ҳисобдор» дар мавзӯи мавриди назар баргузор намуд. 
Агар сиёсат ва иқтисод ба ҳам алоқаманд набошанд, рушди давлатдорӣ имконнопазир мегардад, гуфт декани факултет Фирӯз Насриддинов зимни оғози маҳфил. 
Номбурда дар маърӯзааш қайд кард, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: «Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем». 
Маҳз сиёсати дурусти пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  буд, ки Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба як давлати рӯ ба тараққӣ табдил ёфта иқтисодиёташ рушд кард, гуфт Ф. Насриддинов.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Мулоҷонов ва мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Фахриддин Убайдов ба музокира баромада, оид ба паҳлуҳои маърӯзаи матраҳшуда ибрози ақида намуданд.
Дар интиҳо миёни иштирокчиёни маҳфил мубоҳиса сурат гирифт.  


Абубакр Раҳмонов,
устоди кафедраи аудит ва ревизия