Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Роҳбарӣ санъат ва маҳорат аст

Роҳбарӣ санъат ва маҳорат аст

18 апрели соли равон бо ташаббуси кафедраи менеҷмент дар донишкада дар мавзӯи «Моҳият ва санъати роҳбарӣ» таҳти шиори «Фаъолияти менеҷер ин санъат аст» бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ маҳфил баргузор гардид. Онро сардори Раёсати илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, ки мавзӯи интихобшуда воқеан муҳим буда, дархӯри замони муосир аст. Сипас муовини ректор оид ба тарбия Зулфия Ахмедова, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Ҷурахон Шарипов доир ба мавзӯи мафҳил андешаронӣ намуданд.
Дотсенти кафедра Саидниссо Қосимова, ки ташаббускори ин маҳфил буд, изҳор дошт, ки менеҷмент соҳаи нав набуда, роҳбар бояд ба ҷуз назорати ҷараёни истеҳсолот аз санъат ва маҳорати баланди роҳбарӣ низ бархӯрдор бошад. Роҳбар бояд ташаббускор, навовар буда, масъалаҳои навро ба миён гузорад, роҳи ҳалли проблемаҳоро пайдо намояд, муноқишаҳои ҷойдоштаро бартараф созад. Кадрҳои хубро дастгирӣ ва ҳавасманд намояд. Барои тай намудани зинаҳои роҳбарӣ инсон бояд дар пеши худ мақсади муайян дошта бошад ва аз душвориҳо наҳаросад.
Сипас дар бахшҳои рафтори одамон ва равандҳои асосии санъати иҷрои кору хизматҳо, дастгирӣ ва пайдо кардани мавқеи шахсият дар ташкилот, ташкили ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳои умумӣ ва фардии ташкилот, баҳодиҳӣ ва мукофот ба натиҷаи кори кормандон, ташкили кори мураббиявӣ доир ба ҳунармандии кормандон баромаду мулоҳизарониҳо сурат гирифт, ки дар он донишҷӯёни ихтисоси менеҷмент ва устодон фаъолона иштирок намуданд.


Насрулло Тӯйчизода