Хабарҳо

Таҷлили Ҳафтаи илм
Тавре маълум аст, аз 17 то 24 апрел дар ҷумҳурӣ Ҳафтаи илм таҷлил мегардад. Дар доираи таҷлили Ҳафтаи илм бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия дар донишкада конфронсу мизҳои мудаввар ва дигар ҳамоишҳои илмӣ баргузор мегарданд. Ҳамчунин олимпиадаҳои фаннӣ дар байни донишҷӯён ҷамъбаст гардида, ғолибон барои иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар омодагӣ мебинанд.
Рӯзҳои 19-20 апрел бошад, конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни ДМИТ бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин ҳайати устодону донишҷӯён мақолаҳои илмии худро омода ва барои нашр пешниҳод карданд ва он дар сатҳи баланд баргузор хоҳад гардид.
Машҳура Абдуллоева