Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрии ректор бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо

Вохӯрии ректор бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо

Рӯзи 17-уми апрели соли 2017 ректори донишкада Давлатзода Қудрат Қамбар бо намояндагони Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии Europe Aid/134384/DH/SER/ TJ» дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ширкати «Луис Бергер» Мадина Додоҷонова – намояндаи минтақавии ширкат, Юрай Ренчко – роҳбари лоиҳа, Иван Самсон-роҳбари компоненти 4 ва Искандар Давлатов – коршиноси маҳаллии компоненти мазкур, ки ин лоиҳаро амалӣ мегардонанд, вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ, инчунин муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сафаров Бахром иштирок дошт. 
Вохӯриро ректори донишкада оғоз намуда, бобати самараноки лоиҳа дар донишкада изҳори миннатдорӣ намуд. Баъд М. Додоҷонова дар бораи фаъолияти Лоиҳа дар Тоҷикистон ва махсусан дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маълумот дод. Номбурда қайд намуд, ки Компоненти 4-и ин лоиҳа дар ДМИТ аз моҳи январи соли 2015 татбиқ мегардад. Дар давоми фаъолияти худ лоиҳа ба 17 нафар устоди донишкада дар самти идораи молияи давлатӣ ва гузаронидани тадқиқот бо методҳои математикӣ дар иқтисодиёт тренингҳо мегузаронад. Бо дастгирии лоиҳа дар донишкада 2 конфронси байналмилалӣ бо иштироки устодони сатҳи байналмилалӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин дар донишкада Маркази ақлҳо (Think Tank Center) ташкил шудааст ва дар доираи ин барнома 1 сафари омӯзишии устодони донишкада ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса гузаронида шуд. 
Иван Самсон оид ба фаъолияти компоненти 4 ба ҳозирин маълумоти бештар дода, қайд намуд, ки дар доираи фаъолияти ин компонент ба ғайр аз он чӣ ки дар боло қайд гардид, боз бо бастани шартномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ-илмии Федератсияи Россия ба фаъолияти байналмилалии донишкада мусоидат намуд. Илова бар ин, дар вақти сафари омӯзишӣ ба шаҳри Парижи Фаронса шартномаи ҳамкорӣ боз ба 4 муассисаи таълимии фаронсавӣ пешниҳод гардид, ки умедворем дар рӯзҳои наздик мусбӣ ҳал хоҳанд гашт. И. Самсон пешниҳод намуд, ки имконияти тағйир додани самтҳои вазифаҳои техникии лоиҳа вуҷуд дорад ва ба чунин самтҳо бисёртар диққат додан лозим аст: 
1. Ташкили лабораторияҳои илмӣ бобати тиҷоратикунонии донишҳои илмии устодон;
2. Рушди фаъолияти байналмилалӣ;  
3. Методҳои коллективона бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
4. Ташкили ихтисоси магистратура дар самти идораи молияи давлатӣ;
5. ТОТ (таълими тренерҳо).
Дар баромадаш намояндаи ширкати «Луис Бергер» Юрай Венчко қайд намуд, ки ширкат баъзе самтҳои фаъолияташро иваз менамояд ва пешниҳоди донишкадаро нисбати ин масъала интизор аст 
Дар охир ректори донишкада ба меҳмонон аз суҳбати пурмуҳтаво ибрози сипос намуда, ҳозиринро бовар кунонд, ки самтҳои дар суҳбат қайдгардида, ба монанди боз ҳам самаранок намудани фаъолияти лоиҳа, ТОТ (таълими тренерҳо), ташкили курси магистратура (идораи молияи давлатӣ), ташкили курси забономӯзӣ (англисӣ, фаронсавӣ, хитоӣ ва кореягӣ) барои устодон ва донишҷӯён, ташкили лаборатория барои гузаронидани экспертиза ва тадқиқоти илмӣ дар назди Маркази ақлҳо ва ғайраро дастгирӣ менамояд ва донишкада барои иҷроиши ин самтҳо саҳми худро хоҳад гузошт. Ҳамзамон, ректори ДМИТ пешниҳод намуд, ки ҳамкории Маркази Think Tank-ро бо ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар вузъат бахшида, бобати ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили нишондиҳандаҳои омории дақиқи ин субъектҳо кӯмаки амалӣ расонида шавад. Ин амал ба он мусоидат менамояд, ки саҳми ДМИТ дар рушди минтақаю ноҳияҳо ва сохторҳои давлативу хусусӣ ба таври назаррас ба роҳ монда шавад. 


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ