Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷавонон пешбарандаи илми тоҷиканд

Ҷавонон пешбарандаи илми тоҷиканд

Рӯзи 19 апрели соли равон дар доираи таҷлили Ҳафтаи илм дар донишкада конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар он намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскаралӣ Баротов ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Бобоҷонов иштирок ва суханронӣ карданд.
Қисмати ифтитоҳии конфронсро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада Давлатзода Қудрат Қамбар кушода, қайд кард, ки баргузории конфронси имрӯза, ки натиҷаи пажӯҳишҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада мебошад, масъалаҳои тараққиёти низоми молиявӣ, самтҳои алоҳидаи он, аз қабили омору ҳисобдорӣ, фаъолияти муносибатҳои хориҷӣ, андозу андозбандӣ, таҳлил ва назорати аудиторӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мавриди баҳсу таҳлил қарор мегиранд. Бояд гуфт, ки аксарияти маърӯзаҳо ба мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, боварӣ дорем, ки аз натиҷаи ин тадқиқотҳо пешниҳодҳои асосноки илмӣ карда мешавад.
Konf_A4001.jpgҲамчунин гуфта шуд, ки ҷавонон пешбарандаи илми тоҷик буда, баргузории конфронсҳои илмӣ-назариявӣ дар ҳафтаи илм падидаи беҳтарин аст ва бо мақсади рушди илм ва алақаманд кардани илму истеҳсолот роҳандозӣ мегардад. 
Дар бахши пленарии конфронс Шавкат Бозоров, д.и.и., профессори кафедраи менеҷменти донишкада дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки илми иқтисодиёт дар татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии рушди миллӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво кард. 
- Барои татбиқ кардани Стратегияи рушд бояд аз сатҳи маҳалҳо корро оғоз кунем ва он бояд асоси пешрафти кори умумиро таъмин кунад, гуфт Бозоров Ш.
Пешниҳод карда шуд, ки агар тамоми докторантҳо, аспирантҳо, унвонҷӯйҳо ва магистрантҳо вобаста ба масъалаҳои татбиқи стратегия кор баранд, илми иқтисод дар татбиқи ҳуҷчатҳои стратегӣ мавқеи устувор пайдо хоҳад кард.
Баъдан Меҳтар Содиқов, н.и.и., мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии донишкада дар мавзӯи «Стратегияи миллии рушд то давраи соли 2030: роҳҳои татбиқи он» маърӯза кард. Ӯ аз ҷумла се сенарияи алоҳидаро дар роҳи татбиқи ин ҳуҷҷати муҳим нишон дод, ки инҳо инерсионӣ, индустриалӣ ва индустриаливу инноватсионӣ мебошанд. 
Konf_A4003.jpgТавре нотиқ иброз дошт, аз рӯи таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи кишвар варианти имконпазир ин сенарияи дуюм, яъне модели рушди индустриаливу аграрӣ мебошад. Лекин дар Стратегияи миллии рушд то давраи соли 2030 гузариши пайдарҳам аз як сенария ба сенарияи дигар пешниҳод шудааст. Яъне, то соли 2030 бо истифода аз тамоми имкониятҳо мо бояд, ки ба модели рушди инноватсионӣ қадам ниҳем, ки асоси онро сармояи инсонӣ ташкил менамояд, гуфт Содиқов. М. 
Мавсуф дар Стратегияи миллии рушд то давраи соли 2030-ум илова шудани ҳадафи чорумро ёдрас шуда, онро вусъати шуғли пурмаҳсул хонд ва барои ин таъсиси ҷойҳои нави кориро барои аҳолӣ муҳим арзёбӣ кард, ки метавонад ҳаёти шоистаро таъмин созад. 
Сипас Фаридун Сафарзода, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ» маърӯза намуд. Ӯ дар баромадаш қайд кард, ки ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихори ватандорӣ буда, кору пайкор, ҳар иқдому нияти неки ҷавонон ба хотири таҳкими он мебошад.
Konf_A4004.jpgДар фосилаи аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар қаламрави мамлакат муҳити тозаву созанда ва ояндасозу пешбаранда фароҳам омад. Баргузории мулоқотҳои Пешвои миллат бо ҷавонони кишвар ва таъйини 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро низ ба гунае метавон самараи ин ҳуҷҷати муҳим ва ҳосили ваҳдати миллӣ номид. Ба ибораи дигар, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва Ваҳдати миллии бадастомада дар ҷавонон низ таъсири мунир гузошт. Ҷавонони кишвар дар партави нишондодҳои Пешвои миллат ва таҳкими ғояҳои сулҳу оштӣ ба ҳам омада, барои ободониву шукуфоии мамлакат саҳми худро гузошта меоянд. Ҷавонон низ дар қатори дигар табақаҳои ҷамъиятӣ эҳсос карданд, ки танҳо ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонад кишварро ба сӯи музаффариятҳо раҳнамоӣ кунад, гуфт дар охир Сафарзода Ф. 
Конфронс корашро дар 10 бахш идома дод, аз ҷумла бахшҳои иқтисод, молия ва андоз, фаъолияти бонкӣ, бозори фондӣ ва суғурта, менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ, муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва фаъолияти гумрукӣ, математика, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, баҳисобгирии мусоҳибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ, фанҳои гуманитарӣ, забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ, фанҳои табиатшиносӣ, варзиш ва мудофиаи гражданӣ.
Конфронс пагоҳ корашро идома медиҳад ва рӯзи 24 апрел ҷамъбаст гардида, пешниҳодҳои илман асосноки амалишаванда ба мақомоти дахлдор ирсол хоҳанд гардид.


Машҳура Абдуллоева