Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Татбиқи системаҳои моделсозии математикӣ дар иқтисодиёт

Татбиқи системаҳои моделсозии математикӣ дар иқтисодиёт

Рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ бахшида ба ҳафтаи илм семинари илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Моделсозии математикӣ-физикӣ дар иқтисодиёт» баргузор намуд. 
- Дар шароити муосир татбиқи системаҳои моделсозии математикӣ-физикӣ дар иқтисодиёт яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб ёфта, дар амал татбиқ намудани он дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад,- гуфт декани факултет Амрулло Нурализода зимни ифтитоҳи чорабинӣ.
Номбурда афзуд, ки имрӯзҳо дар бештари давлатҳои рушдкарда мутахассисон таваҷҷуҳи бевоситаи худро ба инкишофи илмҳои табиию риёзӣ ҷалб сохта, тамоми доираи васеи рушди иқтисодиёти кишвари хешро ба моделсозии математикӣ-физикӣ равона месозанд, то ин ки тараққиёти имрӯзаю ояндаи худро дар моделҳо шарҳ дода, оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ қарорҳои дахлдор қабул намоянд.
Сипас дар семинар мудири шуъбаи илми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, н.и.т., дотсент Саидаҳмад Зубайдов дар мавзӯи «Моделсозии физикӣ-иқтисодӣ» баромад карда, афзуд, ки моделсозии информатсионӣ, математикӣ- физикӣ ва татбиқи он дар иқтисодиёт дар замони муосир яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Саидаҳмад Зубайдов тазаккур дод, ки омӯзиши моделсозии компютерӣ имкониятҳои васеъро барои дарки алоқамандии технологияҳои иттилоотӣ бо дигар фанҳои табиӣ ва иҷтимоиро пешкаш менамояд. Моделсозӣ яке аз усулҳои асосии дарккунӣ мебошад, ки шакли ифодакунии ҳақиқатро ошкор менамояд. Принсипи амалиёти камтарин, ки дар асоси назарияҳои пешниҳодшудаи Гаус амал менамояд, дар равандҳои иқтисодӣ васеъ истифодашаванда аст.
Дар анҷоми ҷамъомад мавсуф моделҳои нави математикӣ-физикиро барои дар амал татбиқ шуданашон бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ алоқаманд намуда, шарҳи пурраи онҳоро пешкаши шунавандагон намуд ва қайд кард, ки имрӯз яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ Ҷумҳурии халқии Ҳиндустон мебошад, ки ин соҳаи илмро дар пешрафти иқтисодиёти хеш ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, мувофиқи пешгӯиҳо дар рейтинги давлатҳо то соли 2050-ум яке аз давлатҳои тараққикарда дар минтақа мегардад.


Хисрав Муҳиддинов