Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷараёни конференсия дар бахшҳо

Ҷараёни конференсия дар бахшҳо

Имрӯз, 20 апрел конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки дирӯз – 19 апрел оғоз ёфта буд, корашро дар 10 бахш идома дод. Аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, молия ва андоз, фаъолияти бонкӣ, бозори фондӣ ва суғурта, менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ, муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва фаъолияти гумрукӣ, математика, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, баҳисобгирии мусоҳибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ, фанҳои гуманитарӣ, забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ, фанҳои табиатшиносӣ, варзиш ва мудофиаи гражданӣ. 
Ба конфронс дар умум 325 мақолаи илмӣ барои таҳрир ва чоп пешниҳод гардидааст, вале он мақолаҳое чоп хоҳанд шуд, ки муаллифонашон аз рӯи он баромад карда бошанд. Аз ин рӯ, дар бахшҳо баромадҳо хеле шавқовар ва пурмазмун гузашта, натиҷаи тадқиқотҳои илмии муҳаққиқон вобаста ба масъалаҳои гуногун мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Кори бахшҳоро масъулин аз Раёсати илм ва инноватсия назорат бурданд.
Конфронс рӯзи 24 апрел ҷамъбаст гардида, пешниҳодҳои илман асосноки амалишаванда ба мақомоти дахлдор ирсол хоҳанд гардид.


Машҳура Абдуллоева