Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши ҷавонон дар рушди иқтисодиёт

Нақши ҷавонон дар рушди иқтисодиёт

Дар таърихи 21 апрели соли 2017 бо ташаббуси факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ бахшида ба Соли ҷавонон, 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва дар доираи Ҳафтаи илм дар донишкада маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушду нумуи иқтисодиёти кишвар» барпо гардид. Дар ҷараёни он Хуршед Давлатов, декани факултет, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.  
Сараввал декани факултет ба кори маҳфили илмӣ-назариявӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Ҳафтаи илм табрик ва ба онҳо дар корҳои илмию амалиашон бурдбориҳо таманно намуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки тибқи стратегияҳои рушди иқтисоди миллӣ ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ хело муҳим мебошанд. 
Сипас донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ Саидов Ҷомӣ дар мавзӯи «Мафҳум ва таснифоти сармоягузорӣ» баромад намуд. Дар он оид ба рушди сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон барои ғанӣ гардонидани буҷети мамлакат, усулҳои таҳқиқ ва омӯзиши дарёфти роҳҳои рушд бо факту рақамҳои мушаххас оварда шуд.
Инчунин донишҷӯи курси 3-юми ҳамин ихтисос Сангаков Беҳрӯзҷон дар мавзӯи «Андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда” ба тариқи презинтатсия, ки бисёр ҷолибу диққатҷалбкунанда буд, баромад кард. Донишҷӯёни дигар низ дар музокираҳо фаъолона баромад ва андешаронӣ карданд. 


Ҷовидон Халифаев,
котиби маҳфили зеҳнии “Иқтисод ва ҷомеа”