Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

4000 дона гул шинонида шуд

4000 дона гул шинонида шуд

Аз рўи анъана ҷиҳати кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёну кормандон рўзи 22 апрели соли 2017 барои кормандони раёсати донишкада шанбегӣ эълон гардид.
Дар шанбегӣ зиёда аз 350 нафар кормандони раёсати донишкада иштирок намуда, баҳри кабудизоркунии роҳҳои атрофи донишкада ва омода намудани қитъаҳои замин барои шинонидани гулҳои ороишӣ саҳм гузоштанд.
Дар шанбегии баргузоргардида роҳбарии умумиро раёсати донишкада ба уҳда дошт. Кормандони раёсату шуъбаҳо дар шанбегӣ корҳои ободониро аз омода намудани қитъаҳои замини роҳравҳои ҳудуди донишкада барои шинонидани гулҳои ороишӣ оғоз намуданд. Инчунин дар қитъаҳои омодагардида 4000 (чор ҳазор) дона гулҳои ороишии намуди салвия шинонида шуданд. 


Бегмурод Раҷабов