Хабарҳо

Дастовардҳои илмии донишҷӯён дар олимпиада
Тибқи «Низомномаи олимпиадаи донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №05/5-1546 аз 07.04.2017 рӯзҳои 21-22 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур аз 39 макотиби олии кишвар 32-то иштирок намуданд. Олимпиада аз рӯи 11 фан, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, назарияи иқтисодӣ, математика, физика, химия, биология-экология баргузор гардид.
Боиси хушнудист, ки аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ донишҷӯён аз рӯи 10 фан фаъолона иштирок дошта, дар ҷамъбаст чанд нафар ғолиб омаданд, аз ҷумла Ашуров Самариддин, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 1-40010202 аз фанни технологияи информатсионӣ соҳиби Дипломи дараҷаи якум (роҳбари илмӣ: Нурализода А., Шаҳриёри Нурулло); Шамсов Сайидо, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 1-25010401 аз фанни назарияи иқтисодӣ соҳиби Дипломи дараҷаи дуюм (роҳбари илмӣ Балхов Д.); Нозанини Сорбон донишҷӯи курси 2, ихтисоси 1-250103 аз фанни забони англисӣ соҳиби ҷойи сеюм (роҳбари илмӣ: Диловаров М., Раззоқбердиев Ш.) шуданд.
Ҳамчунин ба донишҷӯёни зерин Солихуҷаев Муҳаммадқобил, донишҷӯи курси 4, ихтисоси 1-25010408 аз фанни фалсафа (роҳбари илмӣ: Мирзоев Ғ.); Ҷамилов Алишер, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 1-26020200 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик (роҳбари илмӣ: Муҳаммадиева С.), Каримов Ашур, донишҷӯи курси 4, ихтисоси 1-24010300 аз фанни таърихи халқи тоҷик (роҳбари илмӣ: Муллоҷонов А., Ҳомидова Қ.) барои иштироки фаъолона Ифтихорномаҳо супорида шуд.
Диплом ва ифтихорномаҳоро ба соҳибонашон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Ин дастоварди беҳтарини донишҷӯёнро муборакбод гуфта, барояшон дар хониш муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорем.
Муқимов Қ.М., сардори Раёсати илм ва инноватсия