Хабарҳо

«Ҷавонӣ»-и ДМИТ ғолиби «Маҳзар»
Бахшида ба Соли ҷавонон рӯзи 25 апрели соли равон дар озмуни телевизионии «Маҳзар» дастаи «Ҷавонӣ»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо дастаи «Дизайн»-и Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қувваозмоӣ карданд.
Иштирокчиён аз рӯи панҷ шарт: саломнома, иҷрои суруди ҳаҷвӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, саволнома ва тақлидкорӣ ба ҳозирин ва аъзои ҳакамон маҳорати худро нишон доданд.
Ҳар як баромадро ҳаводорони дастаҳо гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Баромадҳо хеле ҷолибу диданӣ ва бо маҳорати баланди актёрӣ намоиш дода шуд, бахусус тақлидкории донишҷӯёни мо.
Шартҳоро ҳайати ҳакамони босалоҳият – Носирҷон Бӯриев, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мунаввари Шоҳин, намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Тағоймурод Назаров, намояндаи Вазорати фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон, Дилошӯб Солиев, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ баҳогузорӣ карданд.
Дар натиҷа, дастаи «Ҷавонӣ»-и ДМИТ бо гирифтани 76 хол бар 69-и холи «Дизайн» ғолиб омада, ба даври ниҳоии озмун роҳҳат гирифт.
Мақсади асосии омода намудани маҳфили зарифон ин таҳкими дӯстию рафоқат байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва дарёфти истеъдодҳо аз байни иштирокчиён мебошад.
Мо бо ин пирӯзӣ ҳаваскорони дастаи «Ҷавонӣ»-иро бо сардории Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар муборакбод намуда, парвозҳои нави эҷодӣ хоҳонем.
Машҳура Абдуллоева