Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии масоили муҳим дар маҳфили илмӣ

Баррасии масоили муҳим дар маҳфили илмӣ

Санаи 24 апрел бо ташаббуси кафедраи молия ва муомилоти пулӣ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Ҷустуҷӯи эҷодӣ” дар факултаи молия ва қарз баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни ихтисосҳои молия ва кори бонкӣ иштирок намуданд. 
Дар ҷараёни баргузории маҳфил донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси молия Некрӯзи Шамсиддин дар мавзӯи “Иҷроиши буҷети давлатӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ” баромад намуда, оид ба мафҳум, сохтор ва аҳамияту манфиати даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пурмуҳтаво дода, дар ин робита иҷроиши онро мавриди муҳокима қарор дод.
-Фаъолияти давлат, пеш аз ҳама, ба вазъи буҷети давлатӣ вобаста буда, рушди соҳаҳои иқтисодӣ низ ба маблағгузорӣ ва шуғли аҳолии кишвар алоқаманд мебошанд, - гуфт мавсуф. 
Маърӯзачӣ, инчунин иброз дошт, ки маҳз гузаштан ба муносибатҳои бозоргонӣ, ки аз соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бакорандозию азнавсозии иқтидорҳои истеҳсолию молиявӣ вобаста буда, чораҷӯӣ ва ислоҳоти навро талаб менамояд. Вобаста ба ин раванд зарурат ва аҳамияти дастгирии давлат ба воситаи имтиёзҳои андозӣ ва таъмину мусоидати корхонаю ташкилотҳо бо захираҳои молиявӣ, ки он ба ташкили корхонаҳо, соҳибкориҳо ва сармоягузориҳои истеҳсолӣ замина мегузорад, мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар маҳфил, аз он ҷумла доир ба мақсад ва самтҳои истифодабарии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ маълумоти зарурӣ дода шуд.
Сипас дар мавзӯи “Муносибатҳои байнибуҷетӣ ва муаммоҳои такмили он дар шароити муосир” донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси молия Наҷмиддинова Бибикалон баромад намуд. Номбурда дар суханронии хеш оид ба аҳамият ва зарурати муносибатҳои байнибуҷетӣ маълумот дода, нақши онро дар густариши фаъолияти буҷетӣ баланд арзёбӣ намуд. 
Бояд қайд кард, ки дар кори маҳфил муовини декан оид ба илм Хоҷаев Д.К., устодони кафедра Гулов Т., Сафаров Ш.Ш., Ахмедов Х.А., Зубайдов Ҷ.М., Зиёев З.М. ва дигарон иштирок ва ибрози ақида намуданд. 
Дар анҷом донишҷӯён пурсишу пешниҳодҳои худро оид ба мавзӯъҳои баррасишуда пешниҳод намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. 


Хушбахт Ахмедов