Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Фаъолнокии донишҷӯён дар маҳфили «Ҳамешабаҳор»

Фаъолнокии донишҷӯён дар маҳфили «Ҳамешабаҳор»

Ҳамеша ҳикмату дониш, ҳамеша дил бедор,
Ҳамеша шавқ, ҳамеша тапиш, ҳамеша кор.
Ҳамеша накҳати боғи сухан, ҳамеша сабз,
Ҳамеша чаҳ-чаҳи мурғи чаман, ҳамеша баҳор.


Бо чунин мисраъҳо рӯзи 27-уми апрел дар ДМИТ маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашӯров чорабинии фарҳангиро ифтитоҳ намуда, онро дар Соли ҷавонон ва истиқболи 20-солагии Ваҳдати миллӣ ташаббуси нек арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонон бояд бо арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ бештар фаъол бошанд ва аз худ ташаббусҳои созанда нишон диҳанд. 
Мавсуф меҳмони маҳфил, сармуҳаррири рӯзномаи «Пайкар», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Хайрандеш ва аъзои маҳфили «Ҳамешабаҳор»-ро ба донишкада хушомадед гуфта, ба корҳои эҷодиашон барору комёбиҳои нав ба нав орзу намуд.
Сарвари маҳфили «Ҳамешабаҳор» шоир Хайрандеш нахуст атрофи сухану сухандонӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки мо бояд ҳар суханро бамаврид гӯем, зеро сухан қудрате дорад, ки касро ҳам ба арш мебарораду ҳам аз арш ба фарш поён мефарорад. Шоир чанд шеъру ҳикмати пандомӯзи хешро қироат намуд.
- Шоҳбайт миллатро зинда нигоҳ медорад ва китобу китобхонӣ баракати кори иқтисоддонро зиёда мегардонад. Илм бошад, ҳамеша роҳнамои мост ва онро метавонӣ дар соҳибкориву тиҷорат ба манфиат истифода бибарӣ, афзуд ӯ.
Маҳфил шавқовар доир гардида, дар он донишҷӯён шеърхониву байтбарак карданд.
Дар ҷараёни маҳфил корманди Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» Мирзо Қурбонов, ки завқи эҷодӣ дошта, дар баробари кори телевизион шеър менависаду онҳоро оҳанг мебандад, чанд суруди тозаэҷоди хешро, аз он ҷумла «Модар», «Ватан», «Эй қуи сафеди ман..», «Рӯйи ту..»-ро сароид. Бахши фарҳанги донишкада низ саҳми хешро дар ҷолибияти маҳфил гузоштанд.
Донишҷӯёни ДМИТ, ки дар баробари таҳсил ба эҷоди таронаву шеър майл доранд, шеърҳои эҷоднамудаи хешро дар ҳузури меҳмони маҳфил қироат намуданд. Шоир Хайрандеш аз эҷодкории донишҷӯён шод гардида, ба мазмуну муҳтавои шеърҳо баҳои баланд дод.
Лозим ба ёдоварист, ки баъзе аз устодон ва донишҷӯёни донишкада дар баробари кору таҳсил, завқи баланди эҷодкорӣ дошта, шеърҳояшон пайваста дар чорабиниҳои фарҳангӣ садо дода, дар нашрияи донишкадавии «Молия ва иқтисод» ба нашр мерасад.
Дар поёни маҳфил ба он нафароне, ки дар бахшҳои шеъргӯӣ, нақли порчае аз китоби хонда, зарбулмасалу мақоли беҳтарин ва латифагӯӣ фаъол буданд, китобу туҳфаҳо тақдим гардид.


Наврӯз Ҷобиров