Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони хобгоҳ

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони хобгоҳ

26 апрел вохӯрии ректори донишкада Давлатзода Қудрат Қамбар бо донишҷӯдухтарони дар хобгоҳи донишкада истиқоматкунанда баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои будубоши духтарон дар хобгоҳ, вазъи ахлоқиву маърифатӣ, илмомӯзиву ватандӯстӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ректори донишкада донишҷӯдухтаронро ба маърифатнокиву бофарҳангӣ ҳидоят намуда, зикр кард, ки имрӯз дар донишкада шароити хуби фарогирии донишҷӯён ба таҳсил ва истиқомат дар хобгоҳ мавҷуд аст ва ҳолати мазкур боз беҳтар хоҳад гашт. Дар ин радиф, донишҷӯёнро мебояд, ки аз худ дараҷаи баланди маърифатнокӣ нишон дода, баҳри ташаккули шахсияти хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар интиҳои вохӯрӣ суҳбати озоди донишҷӯдухтарон бо ректор сурат гирифта, пешниҳод карда шуд, ки дар назди донишкада маркази хурди тарроҳӣ бунёд гардад, то ки дар он духтарон ба фаъолияту касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.


Ҷовид Боймуродзода