Хабарҳо

Раванди имтиҳоноти давлатӣ дар ДМИТ
Бо мақсади санҷиши дониши хатмкунандагони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли таҳсили 2016-2017 ва ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ва ихтисос тибқи фармоиши ректори донишкада аз 4 апрели соли ҷорӣ оид ба тасдиқи ҳайат ва ҷадвали кории Комиссияҳои аттестатсияи давлатии хатми соли таҳсили 2016-2017, мутобиқи талаботи «Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи раисони комиссияи имтиҳони давлатӣ (аттестатсияи ниҳоии давлатӣ) ва ҳимояи кори хатмкунӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои соли таҳсили 2016-2017» дар донишкада имтиҳонҳои давлатӣ ҷараён доранд.
Имтиҳонҳои давлатӣ аз 24 апрели соли равон оғоз гардида, то 26 май идома хоҳанд ёфт.
Мувофиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2017 таҳти №612 дар донишкада 12 нафар раиси имтиҳоноти давлатӣ таъйин шудаанд, ки инҳоянд: Шоимардонов Сафаралӣ - н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ - дар шуъбаи рӯзона, ғоибона ва маълумоти дуюми ихтисоси 1-25010401-молия; Алишоев Хуршедшоҳ - н.и.и., дотсент, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкории ДСХТ дар шуъбаи рӯзона, ғоибона ва маълумоти дуюми ихтисоси 1-25010402-кори бонкӣ; Саидов Саймаҳмуд - н.и.и., дотсент, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии ДСХТ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисоси 1-25010202-иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ ва 1-25010408-бозори фондӣ; Тоирова Раҷабмоҳ - н.и.и., дотсенти кафедраи информатикаи ДМТ дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва маълумоти дуюми ихтисоси 1-40010202 - технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, шуъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-3101030604-технологияи иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт ва шуъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-25011200-информатикаи иқтисодӣ; Имомназаров Музаффар - н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили бизнеси ДДТТ дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва маълумоти дуюми ихтисосҳои 1-25010801-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо ва дар шуъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-25010201-иқтисодиёти таҳлилӣ; Пирзода Ҷалил Сафар – д.и.и., профессор, директори Институти иқтисодиёти хоҷагии қишлоқи Академияи кишоварзии Тоҷикистон дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисоси 1-25010803-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисоси 1-25010805-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат, дар шуъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-25010500-омор ва ихтисоси 1-25010814-баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар фаъолияти иқтисоди беруна; Қурбонов Маҳмадалӣ - н.и.и., дотсент, директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои 1-25010403-андоз ва андозбандӣ ва 1-25010404-суғурта, шуъбаи рӯзонаи 1-25010410-менеҷменти молиявӣ; Исмоилов Абдураҳим - н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалии ДСХТ дар шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи ихтисоси 1-960101 - хадамоти гумрук ва 1-96010102 - таъмини иқтисодии фаъолияти гумрук; Шукуров Бурӣ - н.и.и., дотсент, ҷонишини директори иҷроия оид ба илм, тарбия ва масъалаҳои иҷтимоии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шуъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-250103-иқтисоди ҷаҳон ва 1-25010407 - молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии беруна, дар шуъбаи ғоибонаи 1-26020202 – менеҷменти байналхалқӣ; Аминов Фотеҳ - н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнати ДДТТ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои 1-260202-менеҷмент, 1-25010202-иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои хурду миёна ва 1-26010101-идораи давлатӣ; Одинаев Рамазон - н.и.ҳ., дотсент, раиси Иттифоқи касабаи соҳаи маориф - дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва ихтисоси дуюми ихтисоси 1-24010300-ҳуқуқи иқтисодӣ, шуъбаи рӯзонаи ихтисоси 1-96010101-таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ; Сафаров Анвар - н.и.ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии ДМТ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи ихтисоси 1-24010302-танзими ҳуқуқии молия ва қарз, 1-96010101 – таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрук, 1-24010204 – ҳуқуқи андозу бонкӣ.
Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаштани имтиҳонҳои давлатӣ раёсати таълим вазифадор карда шудааст, ки иҷрои талаботи ҷадвали гузаронидани аттестатсияи хатм ва дифои корҳои хатмкунӣ ва рисолаҳои магистриро аз рӯи ихтисосҳои мувофиқ таъмин ва назорат намоянд.
Бояд қайд кард, ки бо дастгирии Раёсати донишкада тамоми имтиҳоноти давлатӣ, ҳимояҳои корҳои хатмкунӣ ва магистрӣ дар синфхонаҳои дорои тахтаҳои электронӣ ва видеотасвирҳо гузаронида мешаванд. Аз оғози имтиҳоноти давлатӣ то ба имрӯз хатмкунандагони ихтисосҳои марбути донишкада фаъолона иштирок намуда, имтиҳоноти давлатиро бо муваффақият супорида истодаанд.
Раисони комиссияҳои аттестатсияи давлатии хатм низ аз рафти ҷараёни имтиҳонот ва дониши хатмкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Машҳура Абдуллоева