Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти гӯштингирон ва боксёрони мо

Ғолибияти гӯштингирон ва боксёрони мо

Боиси хушнудист, ки дар донишкада ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Ин аст, ки донишҷӯёни мо дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ғолиб меоянд. Ин дафъа як қатор варзишгарони мо дар Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ш. Душанбе, ки бахшида ба Соли ҷавонон рӯзҳои 26-28 апрел баргузор гардид, аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки дар ин кор саҳми мураббиёни эшон – устодони кафедраи варзиш ва мудофиаи граждании донишкада Ибодулло Айниддинов ва Беҳрӯз Азизқулов хеле калон аст.
Ҳамин тавр, Аҳмадшои Саидмусалламзода, донишҷӯи курси 2, факултети ҳисобдорӣ ва омор дар вазни 64 кг дар намуди варзиши бокс ғолиб баромада, сазофори ҷои дуюм гардид ва ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Ҳамчунин дар намуди варзиши бокс Назрихудо Додихудоев, донишҷӯи курси 2, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ дар вазни 56 кг ҷои 3, Шариф Вазиров, донишҷуи курси 2, факултети молия ва қарз дар вазни 60 кг ҷои 3, Фирӯз Ғозиев, донишҷӯи курси 2 факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар вазни 65 кг ҷои 3 ва Саидҷони Маҳмадулло, донишҷӯи курси 1, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ дар вазни 70 кг ҷои 3-юмро гирифта, бо медал ва Дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.
Варзишгарони дигари мо дар намуди варзиши гӯштини миллӣ низ баромад карда, ғолиб омаданд. Инҳо Исмоили Ибодулло, донишҷӯи курси 1, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ҷои 2 дар вазни 65 кг, Сорбон Эркаев, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз ҷои 3 дар вазни 65 кг, Самандар Хоҷаев, донишҷӯи курси 1, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ҷои 3 дар вазни 70 кг, Хайрандеши Аъзам, донишҷӯи курси 4, факултети ҳисобдорӣ ва омор дар вазни 70 кг ҷои 2 мебошанд. 
Бо ғолибияти навбатӣ варзишагронро муборакбод намуда, барояшон пирӯзиҳои навинро таманно дорем.


Машҳура Абдуллоева