Хабарҳо

Вохӯрии судманд
Рӯзи 3 майи соли равон дар остонаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрии намояндагони як қатор муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илми ҶТ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва сохторҳои қудратии кишвар бо донишҷӯёни донишкада баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва самтҳои афзалиятноки он, баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷомеа, ба хусус ҷавонон аз зуҳуроти номатлубу хатарафзо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вохӯриро Давлатзода Абдулло – сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада оғоз намуда, моҳияти вохӯриро шарҳу тавзеҳ дод.
Сипас Дилошуб Розиқов - намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати масъалаҳои самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва самтҳои афзалиятноки он сухан ронда, гуфт, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ҷавонон ҳамчун захираи тиллоии миллату кишварҳо маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳ ба онҳо василаи мубрами дурнамои рушди устувори ҷомеаву давлат ҳоҳад буд. Аммо аз сӯи дигар ҷавононро мебояд истифодабарии самараноки имкониятҳои мавҷудаи ҷомеаро дарк намуда, ҷиҳати худташаккулдиҳии хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ҳамчунин Акмал Олимшоев - ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгириҳои давлатии занону бонувон андешаронӣ карда, афзуд, ки солҳои охир занону духтарон ба як неруи фаъолу пешбарандаи кишвар мубаддал гашта, нақши онҳо дар идоранамоии сохторҳои пешбарандаи ҷомеа беш аз пеш бориз мегардад.
Дар интиҳои вохӯрӣ суҳбати озод доир гардид.
Фаридун Сафолов