Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Варзишгарони умедбахш

Варзишгарони умедбахш

Бахшида ба Соли ҷавонон рӯзҳои 2-3 майи соли ҷорӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мусобиқаҳои шаҳрӣ (марҳилаи дуюм) байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе оид ба «Гӯштини тарзи озод» баргузор гардид.
Хурсандиовар аст, ки дар ин мусобиқа донишҷӯёни донишкадаи мо Бегиҷон Хушназаров, донишҷӯи курси 3, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ дар вазни 61 кг, Иброҳими Ҳасан, донишҷӯи курси 4, факултети молия ва қарз дар вазни 57 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардида, ҳамчунин ба Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар роҳхат гирифтанд.
Бегиҷон ва Иброҳим зери роҳбарии устоди кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ Муҳаммад Саидов ба ин дастоварди варзишӣ ноил гардиданд.
Мо варзишгаронро бо ин пирӯзӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи варзишиашон муваффақиятҳои нав ба навро хоҳонем.


Муҳиддинов Х.