Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ёде аз қаҳрамонии тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ёде аз қаҳрамонии тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ҳамасола бахшида ба Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар Тоҷикистон низ ин идро ба таври хотирмон пешвоз мегиранд.
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ рӯзи 6 май ба хотири 72-юмин солгарди Ғалаба чорабинии тантанавии фарҳангӣ доир гардид.
Нухуст меҳмонони маҳфил иштирокчиёни ҶБВ - Абдукарим Раҷабов ва Хадича Абдуллоева, инчунин ҷанговарони башардӯст муаррифӣ гардида, ба меҳмонон-собиқадорон туҳфаҳои идона тақдим гардид. 
Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов бо маърӯза баромад намуда, аз таърихи ҶБВ сухан ронд. Мавсуф корнамоию саҳми тоҷиконро дар ин набардҳо баҳри ба даст овардани Ғалаба арзанда ва онро дарси ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ арзёбӣ кард.
Иштирокчии ҷанг Хадича Абдуллоева хотироти хешро аз рӯзҳои пурдаҳшати ҷанг ва мушкилоти он давра дар ақибгоҳ ёдовар гардида, ҷавононро ба пос доштани оромиву озодагӣ ҳидоят намуд.
Дар идомаи чорабинӣ раиси ветеранҳои ҷангу меҳнати ноҳияи Сино Абдураҳим Афғонов ва раиси ветеранҳои донишкада Сайидалӣ Ҳайитов низ дар навбати худ меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба Рӯзи Ғалаба бар фашизм таҳният гуфта, изҳор намуданд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ватандӯст бошанд. 
Гуфта шуд, ки ба хотири сулҳу субот ва рӯзгори осудаи имрӯза падару бобоёни мо дар набардҳо ҷонбозиҳои зиёде кардаанд ва аз ин рӯ, бояд ин ободиву осудагиро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд кард.
Ифтихорномаҳое, ки ба муносибати ин рӯз аз ҷониби вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ба эдвайзерони факултети молия ва қарз Амирхон Баротов, ҳисобдорӣ ва омор Сунатулло Нуриддинов ва мутахассиси бахши тарбияи донишкада Ҷовид Боймуродов ирсол гардида буд, ба онҳо тақдим карда шуд.
Чорабиниро донишҷӯён бо маърӯзаю баромадҳои таърихиву табрикотӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, қироати шеърҳо дар васфи Тоҷикистон ва мардонагиву ҷасорат ҳусни дигаре зам намуд.


Наврӯз Ҷобиров