Хабарҳо

Таассуроти устодон оид ба сафари Париж
Рӯзи 4-уми майи соли 2017 дар донишкада вохӯрии иштирокчиёни сафари хизматӣ ба шаҳри Парижи Фаронса бо намояндагони Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии Europe Aid/134384/DH/SER/TJ» дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид. Вохӯриро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сафаров Б.Г. оғоз намуд. Номбурда дар баромади худ оид ба сафари хизматиашон ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса, ки дар доираи лоиҳаи мазкур гузаронида шуда буд, ба ҳозирин бо истифода аз презентатсия маълумот дод. Сафаров Б.Г. таассуроти хешро аз муассисаҳои таълимии олии касбии Фаронса, лабораторияҳо ва инкубаторҳои илмӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ гуфта дод.
Бояд қайд намуд, ки мақсади сафари мазкур ин омӯхтани таҷрибаи фаронсавиҳо оид ба масъалаҳои дуҷанбаи андозбандӣ ва ислоҳоти молиявӣ буд.
Дар вохӯрӣ, инчунин намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо Давлатов Искандар, Елена Шарипова ва Кошонова М., директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Молия”-и ДМИТ иштирок ва баромад карданд.
Баъди баромади иштирокчиён аз тарафи устодон ва донишҷӯён саволҳо дода шуд, ки ба онҳо ҷавобҳои пурра гардонида шуд.
Дар охир Сафаров Б.Г., ки бевосита дар ин сафар гурӯҳи устодонро сардорӣ мекард, якчанд пешниҳодҳои худро ба диққати ҳозирин хонда дод. Мавсуф қайд кард, ки дар натиҷаи ин сафар донишҷӯёни зинаи бакалавр ва магистри донишкада метавонанд дар Донишгоҳи Сорбон-1 дар муддати 1 сол таҳсил намоянд.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ