Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аз қаҳрамонони худ мефахрем!

Аз қаҳрамонони худ мефахрем!

8 майи соли ҷорӣ факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт 72-юмин солгарди Иди ғалабаро бо иштироки ветеранҳои ҷанги Афғонистон Сайфулло Мусоев, Ҳошим Нозимов ва Сайдалӣ Ҳаитов таҷлил намуд. 
Чорабиниро декани факултет Нурализода Амрулло оғоз намуда, иброз дошт, ки барои ба даст овардани ин Ғалаба саҳми абармардони тоҷик низ хеле бузург аст.
Ҳамчунин мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов дар баромади хеш қайд кард, ки корнамоию саҳми тоҷикон дар ин набардҳо баҳри ба даст овардани Ғалаба арзанда ва он дарси ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву хештаншиносист.
Дар охир қайд гардид, ки ҷасорату мардонагии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша дар дилҳо ҷовидонӣ хоҳад буд.