Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастоварди навбатии варзишгарон

Дастоварди навбатии варзишгарон

Бахшида ба Соли ҷавонон рӯзҳои 1-2 майи соли ҷорӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мусобиқаҳои шаҳрӣ (марҳилаи дуюм) байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе оид ба «Гӯштини тарзи дзюдо» баргузор гардид.
Боиси сарфарозист, ки дар ин мусобиқа донишҷӯёни донишкадаи мо низ иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла донишҷӯи курси 4, факултети ҳисобдорӣ ва омор Абдуллоев Иброҳим дар вазни 60 кг сазовори ҷойи якум ва медали тилло, донишҷӯи курси 3, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Бобоқулов Сафар дар вазни 73 кг сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардида, ҳамчунин ба Спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар роҳхат гирифтанд.
Мураббии ин варзишгарон устоди кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ Ибодулло Айниддинов буда, онҳо нозукиҳои ин навъи варзишро аз ӯ омӯхтаанд. 
Дастовардҳои пай дар пайи варзишгарони мо дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи шаҳри ва ҷумҳуриявӣ аз омодагии хуби онҳо ва таълими мураббиёнашон далолат медиҳад, ки боиси дастгирист.


Муҳиддинов Х.