Хабарҳо

Некӣ бимонад ҷовидон
Хайру саховатмандӣ, дастгирии ятимону барҷомондагон яке аз амалҳои неки инсон маҳсуб ёфта, дар ҷомеаи мо низ сафи чунин шахсон сол ба сол зиёд мегардад.
Садорат ва донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ тасмим гирифтанд, ки рӯзи 11 майи соли ҷорӣ ба 100 нафар таълимгирандагони Хонаи кӯдакони синни томактабии №1 шаҳри Душанбе, ки аслан ятими кулл ва нимятим ҳастанд, бо як вақт хӯроки гарм, меваҷот ва нӯшокиҳои ташнашикан таъмин намоянд. Дар ин рӯз хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт.
Роҳбарият ва таълимгирандагони ин муассиса барои ин эҳсонкорӣ ба садорат ва донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон изҳори сипос карданд.
Хисрав Муҳиддинов