Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оилаи солим - ҷомеаи устувор

Оилаи солим - ҷомеаи устувор

Санаи 15 майи соли ҷорӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои донишкада бо ибтикори шуъбаи тарбия ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Солимии оила ҷомеаро ба устуворӣ мебарад» баргузор карда шуд.
Мизи мудавварро Давлатзода Абдулло-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада оғоз намуда, перомуни мавзӯи «Зарфияти арзишҳои суннатии фарҳанги оиладории тоҷикон» суханронӣ кард. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки арзишҳои оиладории тоҷикон ҷузъи муҳимми устувории ҷомеа маҳсуб меёбад, аммо бо таъсири бархӯрди тамаддунҳо дар муҳити хонаводагии қисме аз мардуми мо имрӯз ин арзишҳо зарфияти худро гум кардаанд, ки дар натиҷаи он касодии фарҳанги оиладорӣ ба миён омадааст.
Ҳамчунин дар мизи мудаввар Арзигул Турсунова-устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Тарбияи оилавӣ ва нақши волидон дар рушди кӯдак», Убайдулло Сабуров-дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Оилаи солим-ҷомеаи солим», Қутбия Ҳомидова - дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Таҳаммулпазирӣ ҷузъи муҳимми фарҳанги оиладорӣ» ва Гулов Олимҷон-донишҷӯи соли аввал дар мавзӯи «Оила ва нақши ҷамъиятии он» баромад намуданд.
Дар интиҳои мизи мудаввар гуфтугӯи озод сурат гирифт. 


Фаридун Сафолов