Хабарҳо

Омодагии ДМИТ ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
17 майи соли ҷорӣ дар доираи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрии ректори донишкада Давлатзода Қудратулло Қамбар бо донишҷӯёни фаъол баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои фаъолнокии ҷавонон дар чорабиниҳое, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва худташаккулдиҳии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Давлатзода Қудратулло Қамбар зимни вохӯрии худ бо донишҷӯён Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017-ро бузургтарин нишонаи таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба насли ҷавону ояндасози кишвар унвон намуда, зикр карданд, ки ҷавонони моро месазад дар ивази ин ғамхориҳо содиқ будан ба Ватан ва миллати хешро ҳамчун оини худ қарор дода, дар пешрафти Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин дар вохӯри таъкид карда шуд, ки фаъолнокии ҷавонон дар баргузории чорабиниҳое, ки дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, нишонаи хиради боло, эҳтирому арҷгузорӣ ба таваҷҷуҳои ҳамешагии Пешвои миллат нисбати насли ояндасози кишвар ва масъулиятнокии ҷавонон буда, метавонад эътимоду боварии давлату ҳукумати кишварро ба ин неърӯи созанда бештар гардонад.
Давлатзода Абдулло