Хабарҳо

ДМИТ дар аксияи «Тозагии соҳил-2017»
Санаи 20 майи соли ҷорӣ бо ибтикори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳраки 53-и пойтахт аксияи «Тозагии соҳил-2017» баргузор карда шуд. Дар рафти баргузории чорабинии мазкур бештар аз 200 нафар ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, дар тозаву сабзкории соҳили обпартои Чортут саҳмгузорӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки аксияи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз баргузории он саҳмгузорӣ намудан дар ҷараёни ободониву сабзкории Душанбешаҳр, тақвият бахшидани корҳои созандагӣ, ҳифзи муҳити зист, тозагии соҳили дарёву рӯдхона ва обпартоҳо мебошад.
Дар назар аст, ки аксияи «Тозагии соҳил-2017» то 27-уми моҳи ҷорӣ идома ёбад.
Фаридун Сафолов