Хабарҳо

Ширкати ДМИТ дар дави миллӣ
Рӯзи 21 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дави миллӣ доир гардид. Масофаи дави миллӣ зиёда аз 10 км-ро дар бар гирифта, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардид ва иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат намуданд.
Дар он зиёда аз 51 ҳазору 300 нафар ҷавонону наврасон ва синну соли гуногуни аҳолии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳаҳои мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ иштирок карданд.
Дар ин чорабинии варзишї устодону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ фаъолона ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии ҷамъиятӣ-варзишӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ аз соли 2007 инҷониб якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Абдуллоева М.