Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Форуми ҷавонон

Форуми ҷавонон

Дар арафаи Рӯзи ҷавонон ба муносибати Соли ҷавонон рӯзи 20 майи соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони ноҳияи Сино таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем» бо иштироки намояндагони собиқадори ҲХДТ ва фаъолони ҷамъиятӣ баргузор гардид. 
Зимни ифтитоҳи ҷамъомад Заррина Файзуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино зикр сохт, ки ҷавонони ноҳия дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва таҳким бахшидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Барои он ки ҷавонон воқеан ҳам тақдири ояндаи миллатро ба даст гиранд, истиқлолияти давлатиро ҳифз карда тавонанд, ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ дошта бошанд, мо бояд кор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавононро ба таври муассир ба роҳ монда, ҳамкориро бо тамоми вазорату кумитаҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вусъат диҳем.
Мавсуф қайд намуд, ки ҷавонони ноҳияи Сино сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро оид ба эълон намудани соли 2017 Соли ҷавонон ҳаматарафа дастгирӣ намуда, баҳри дар сатҳи баланд татбиқ кардани ин ҳадафи сиёсӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Forum4003.jpgЗимни суханронии хеш Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таҳлилӣ ва таблиѓотии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ иброз дошт, ки маҳз таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат нисбат ба қишри ҷавони ҷомеа буд, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Имрӯзҳо дар тамоми 430 ҷамоати 68 шаҳру навоҳии мамлакат чунин форуму чорабиниҳои дар сатҳи баланд барои ҷавонон азизи миллат пайи ҳам гузашта истодааст.
Ҳамчунин Руқия Қурбонова, раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҷамшед Саидов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асрорӣ Мирзошоҳрух, раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон , Меҳриниссо Бобобекова, узви Маҷлиси миллӣ, шоира, Маҳмуродзода Маҳрамой, муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раҳмонзода Абдулло, раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан»-и кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар ин форум иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Дар ин Форум муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии дар ноҳияи Синои шаҳри Душенба воқеъбуда дастовардҳои худро ба маърази тамошои иштирокчиён гузоштанд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин Форум Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ширкат варзида, комёбиҳои илмӣ ва варзишии худро ба ҳозирин пешкаш сохт ва аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишии Форуми мазкур бо сипоснома қадрдонӣ гардид. 


Хисрав Муҳиддинов