Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳсилоти фосилавӣ ва афзалиятҳои он

Таҳсилоти фосилавӣ ва афзалиятҳои он

Санаи 19 майи соли равон кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар таълими фосилавӣ» баргузор намуд. 
Дар ибтидо декани факултет Амрулло Нурализода перомуни мавзӯи мавриди назар маърӯза кард. Номбурда афзуд, ки маркази таҳсилоти фосилавӣ яке аз сохторҳои рушдёфтаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар маҳсуб меёбад.
Таҳсилоти фосилавӣ дар асоси принсипи омӯзиши мустақилонаи донишҷӯён бо истифодаи технологияи муосир кор мебарад. Ҳамин тавр, донишҷӯ дар вақт ва макони муносиб бароҳат машғули донишандӯзӣ мегардад. Муҳлати таҳсил бошад, дар шуъбаи фосилавӣ 5 сол аст.
Мавсуф иброз дошт, ки таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсилоти ғоибона ва ҳам рӯзона буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Танҳо фарқияти он аз шакли ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳимми маводи таълимӣ на соҳибихтиёрона, балки пайваста дар муносибат бо омӯзгор (машварат ба воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) аз худ карда мешаванд. Ҳангоми ворид шудан ба система тавассути интихоби логин ва пароли шахсӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо мекунад. 
- Яке аз мақсадҳои асосии истифода ва татбиқи чунин система таъмин ва кафолати сифати таҳсилот дар макотиби олӣ мебошад. Зеро бо истифода аз системаи мазкур донишҷӯ имкони соҳиб шудан ба маълумоти заруриро пайдо хоҳад кард.
Афзалияти низоми таҳсилоти фосилавӣ аз инҳо иборат аст: сарфаи хароҷот ва вақти ташкили курсҳои бозомӯзӣ, сарфаи вақти устодон ва донишҷӯён, дар вақти мусоид дастрас намудани маълумот, - гуфт Амрулло Нурализода.
Дар фарҷоми чорабинӣ мудири кафедра София Темурбекова қайд намуд, ки дар оянда устодон ва донишҷӯёнро зарур аст, ки нисбати бартараф кардани камбудиҳои дар соҳабуда корҳои илмӣ - тадқиқотӣ баранд. 


Умар Воҳидов, 
муовини декан оид ба илм