Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастоварди донишҷӯи ДМИТ дар хориҷа

Дастоварди донишҷӯи ДМИТ дар хориҷа

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва дастгирии бевоситаи раёсати донишкада санаи 18 майи соли равон донишҷӯи курси 2-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Фариддун Иноятов барои иштирок дар V-умин конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Технологияҳои инноватсионӣ ва қарорҳои пешрафта» ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд. 
Дар конфронси мазкур намояндагон аз 17 давлат иштирок доштанд. Фариддун дар ду бахши конфронс маърузаи илмӣ кард. Ӯ дар бахши назариявӣ бо сертификат ва дар бахши умумии тадқиқотӣ бо дипломи дарачаи III сарфароз гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки ҷойи аввал ба профессори Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ Укуев Б.Т., ҷойи дуюм ба Куваков С.Ж., аспиранти Донишкадаи геомеханика ва тадқиқоти қишри замини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҷойи сеюм ба донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Иноятов Ф. И. насиб гардид. 
Фаридун зери роҳбарии муаллими калони кафедраи математикаи олӣ Кабиров А.Т дар конфронси мазкур дар мавзӯи «Яке аз усулҳои ёфтани ададҳои сода» (назарияи ададҳо) баромад карда, аз тарафи доварон баҳои баланд гирифт ва Тоҷикистон ва аз ҷумла Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дониши худ дар хориҷи кишвар муаррифӣ кард.
Мо Фаридунро бо ин дастовард муборакбод намуда, ба ӯ парвозҳои нави эҷодӣ таманно менамоем ва умед дорем, ки сафи чунин донишҷӯён афзун мегардад. 


Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ