Хабарҳо

Олимони тоҷик дар АБМ
Боиси шодмонист, ки профессори кафедраи иқтисод ва идораи донишкада Ваҳҳоб Воҳидов ба ҳайси академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ интихоб гардид, ки ин барои мо ифтихор аст.
19 майи соли равон дар шаҳри Москва ҷамъомади умумии Академияи байналмилалии муҳандисӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони 11 академияи миллии муҳандисӣ, роҳбарони бахшу шуъбаҳо ва намояндагони дигари кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд. Ҷамъомади мазкур дар бинои Донишгоҳи давлатии Россия ба номи А. Н. Косигин доир гардид, ки 417 нафар узви АБМ аз 17 кишвари ҷаҳон дар кори он иштирок доштанд.
Дар маърўзаҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба комёбиҳои олимони тоҷик дар самтҳои гуногун, аз ҷумла «Технология генного модифицирования и легирования металлических сплавов» (роҳбари кор академики ИА ҶТ аъзо-корр. АБМ, профессор Ҷураев Т.); «Исследование теплофизических свойств наноматериалов в твердых, жидких и газообразных состояниях» (роҳбари кор, академики ИА ҶТ, аъзо-корр. АБМ, д.и.т, профессор Маҷидов Х. ва академики АБМ, профессор Сафаров М.М.) дода шуд.
Барои ба даст овардани комёбиҳо ба Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори академияҳои дигари миллӣ рамзи тиллоии АБМ тақдим карда шуд.
Дар ҷамъомад аъзои нави АБМ - 22 академик ва 27 аъзо корреспондент интихоб гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон профессорон Ваҳҳоб Воҳидов ва Т. Ҷўраев ба ҳайси академики АБМ интихоб гардиданд. Ба ҳайси аъзо-корреспондентҳои АБМ З. Розиқов, И. Эшмирзоев ва А. Авезов интихоб шуданд.
Мо устод Ваҳҳоб Воҳидов, олими сермаҳсул ва нуктасанҷро бо ин дастовард муборакбод гуфта, дар корҳои илмии минбаъдаашон муваффақиятҳои беназир хоҳонем.