Хабарҳо

Боз як шартнома ба имзо расид
Санаи 20-уми майи соли ҷорӣ намояндагони донишгоҳҳои Қирғизистон, аз ҷумла ректори Донишгоҳи байналмилалии Жалал-Абад, д.и.и., Мамасидиков Абдилбает Асанович ба Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф овард.
Ректори донишкада Давлатзода Қудрат Қамбар меҳмононро хайрамақдам гуфта, бо истифода аз презентатсия ба онҳо оид ба донишкада, сохтор, фаъолият ва дастовардҳо маълумот дод. Номбурда қайд кард, ки якчанд устоди донишкада рисолаҳои илмии худро дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳимоя намуданд. Ҳоло чанд нафар устоди дигар низ тасмим гирифтаанд, ки дар Шӯроҳои диссертатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон рисолаҳои номзадиашонро дифоъ намоянд. Дар навбати худ Мамасидиков А.А. дар бораи ташкилёбӣ ва фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии Ҷалолобод ба ҳозирин маълумот дод.
Мақсади вохӯрӣ ин ҳамкорӣ байни ду донишгоҳ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла ташкили Шӯрои диссертатсионии муштарак мебошад.
Дар натиҷаи суҳбати муфид тарафҳо шартномаи ҳамкории дутарафа бастанд, ки он барои вусъати ҳамкориҳои минбаъда такон мебахшад.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ