Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Хавфи фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити буҳрон

Хавфи фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити буҳрон

Кафедраи иқтисод ва идора рӯзи 22 майи соли ҷорӣ маҳфили илмии донишҷӯёнро дар мавзӯи мавриди назар доир намуд.
Зимни оғози маҳфил профессори кафедра Ваҳоб Воҳидов оид ба масъалаҳои муҳимии имрӯзаи фаъолияти соҳибкорӣ ва хавфи он дар давраҳои пайдоиши буҳронҳои шадиди иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ сухан ронд.
Номбурда афзуд, ки нишондиҳандаҳои молиявии иқтисодии мамлакат нисбат ба солҳои қаблӣ фарқиятҳои куллӣ дошта, рушду нумӯи иқтисодиёт аз бахшҳои фаъоли он бахусус аз фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ вобастагӣ дорад.
Ҳамзамон донишҷӯёни курси 2, ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Абдуллоев Ф. дар мавзӯи «Давраҳои пайдоиш, мафҳум ва моҳияти илми соҳибкорӣ», Элмуродов Ф. дар мавзӯи «Шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити муосир» ва Ҳалимов С. дар мавзӯи «Нақши фаъолияти соҳибкоронӣ хориҷию ватанӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат», донишҷӯи курси 3, ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Одинаев Ф. дар мавзӯи «Таъсири буҳрони ҷаҳонӣ ба рушди фаъолияти сохибкорӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар фарҷом қайд гардид, ки мақсади гузаронидани чунин маҳфилҳо ин, пеш аз ҳама, муайян кардани проблемаҳои самти фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодиёти имрӯзаи кишвар ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, инчунин ба иттилооти донишҷӯён ҳамчун кадрҳои ҷавон расонидани масъалаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар мебошад. 


Раҳматулло Қаландаров, 
устоди кафедра