Хабарҳо

ДМИТ: ободонии пойтахт мароми мост!
27 майи соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ободониву кабудизоркунии пойтахти кишвар бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт аз ҷониби Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аксияи «Ҳифзи муҳити зист ва тозагии соҳил-2017» баргузор карда шуд.
Дар аксия зиёда аз 200 нафар устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзида, дар тоза намудани ин гӯшаи пойтахт ва обпартои «Чортут-2» саҳм гузоштанд.
Бояд қайд кард, ки аксияи мазкур то санаи 5 июни соли равон, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҳифзи муҳити зист таҷлил карда мешавад, идома ёфта, шоми 5 июн дар доираи Шоу-барномаи васеъ дар Муассисаи давлатии Боғи шаршараи пойтахт анҷом меёбад.
Фаридун Сафолов